[siteorigin_widget class=”SiteOrigin_Widget_Image_Widget”][/siteorigin_widget]
[siteorigin_widget class=”SiteOrigin_Widget_Button_Widget”][/siteorigin_widget]

Авиатсияи тиҷоратӣ дар Қазоқистон аллакай муддати дароз амал намуда, дар ин ҷо дар симои ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) – авиаброкери пешсафаи аврупоӣ, ки офиси худро дар Алмаато низ дорад, муаррифӣ карда шудаст. Ба туфайли фаълияти «Кофранс САРЛ» шумо метавонед дар ҳар вақт ҳавопаймои хусусиро ба иҷора гиред ва дар хатсайри бароятон зарурбуда тариқи рейси бевосита ба дигар шаҳр ё кишвар сафар намоед.

Хизматрасониҳои авиатсияи тиҷоратӣ дар байни шахсони сарватманде, ки қадр кардани вақту бароҳатии хешро одат карданд, талабот доранд. Соҳибкорони калон, сиёсатмадорони номдор, ходимони ҷамъиятии машҳур, ситораҳои шоу-бизнес ва дигар шахсони маъруф иҷораи ҳавопайморо ба худ раво дониста ва аз касе мутеъ набуда, аз эҳсоси бемисли озодии комил ҳаловат бурда, саёҳат карда метавонанд.

[siteorigin_widget class=”SiteOrigin_Widget_Headline_Widget”][/siteorigin_widget]

Ҷиҳати фармоиш додани ҳавопаймои хусусӣ аз Қазоқистон ё ба он, барои шумо ба офиси мо омадан лозим нест. Кифоя аст, ки шаклро дар сомона пур кунед ё ҳамту дархостро гузоред, дар ин сурат менеҷер худ бо шумо алоқа мекунад, то ки тамоми нюансҳои парвози дарпешистодаро муҳокима намоед.

[siteorigin_widget class=”SiteOrigin_Widget_Headline_Widget”][/siteorigin_widget]
  1. Ба ҳошияҳои марбута нуқтаҳои парвозу фурудоӣ, санаҳои зарурӣ ва шумораи мусофиронро ворид намоед. Нишон диҳед, агар бо шумо кӯдакон ё ҳайвонот парвоз мекунанд ва, ҳамчунин, агар шумо интиқол додани шумораи калони борҳоро нақша доред.
  2. Менеҷер бо тезӣ дархости шуморо баррасӣ намуда, дар вақти наздик ба шумо рӯйхати бутуни ҳавопаймоҳоро, ки ҳаракат карданро ба хатсайри бароятон зарурбуда омода ҳастанд, ирсол менамояд. Дар замима шумо нархҳои парвози дутарафа, синну сол ва навъҳои киштиҳои ҳавоӣ ва, ҳамчунин, ғунҷоиши онҳоро дида метавонед. Шумо якбора бо аксҳои ҳавопаймоҳо ва тасвирҳои онҳо шинос мешавед.
  3. Пас аз он, ки шумо ҳавопаймои конкретиро интихоб мекунед, мувофиқат кардани ҳамаи нюансҳо ва бастани шартнома боқӣ мемонанд. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) бо хушнуди ба шумо спектри бутуни хизматрасониҳои иловагиро тақдим менамояд: трансфер дар нуқтаҳои парвозу фурудоӣ, хӯрок аз тарабхонаи дилписанд дар парвоз, тартиб додани раводидҳо ва суғуртаи тиббӣ, агар шумо ба хориҷӣ саёҳат мекунед, брон кардани утоқҳо дар отел, ҳамроҳии корӣ, консерж сервис ва бисёри дигар.
  4. Шартномаро бевосита тавассути интернет, бо истифодаи имзои электронӣ бастан мумкин. Албатта, мо бо хушнудӣ шуморо дар офиси худ пешвоз мегирем, агар шумо хулоса кунед, ки шахсан ҳозир шавед. Ба ғайр аз ин, мо тайёр ҳастем, ки шартномаро тариқи почтаи тезҳаракат, хатбар ё чархболи шахсӣ ирсол намоем – варианти маъқулро интихоб кунед, аммо фаромӯш накунед, ки нархи онро аз котиб маълум намоед.
  5. Пас аз бастани шартнома шумо метавонед чамадонро ба сафар оромона ҷамъ кунед, зеро медонед, ки дар соати муқарраршуда ба назди шумо такси меояд ва дар фурудгоҳ шуморо ҷети боҳашамати барфранг интизор шуда, шуморо ба нуқтаи таъингардида дақиқа ба дақиқа саривақт бурда мерасонад.
[siteorigin_widget class=”SiteOrigin_Widget_Button_Widget”][/siteorigin_widget]
[siteorigin_widget class=”SiteOrigin_Widget_Headline_Widget”][/siteorigin_widget]
[siteorigin_widget class=”SiteOrigin_Widget_Image_Widget”][/siteorigin_widget]

Ширкати аврупоии AVIAV TM дар бозори авиатсияи тиҷоратӣ аллакай ҳашт сол кору фаъолият дорад. Штаб-идораи мо дар Нитса мавқеъ гирифтааст, ба ғайр аз ин мо дар Алмаато, Москва, Санкт-Петербург, Минск, Киев ва баъзе дигар шаҳрҳо офисҳоро дорем.

[siteorigin_widget class=”SiteOrigin_Widget_Image_Widget”][/siteorigin_widget]

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳайати интернатсионалиро дорад, аз ин лиҳоз мо хеле хуб бисёр забонҳоро, минҷумла русиро, аз худ кардем.

[siteorigin_widget class=”SiteOrigin_Widget_Image_Widget”][/siteorigin_widget]

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) аъзои бизнес-ассотсиатсияҳои бонуфузи авиатсионӣ: EBAA (European Business Aviation Association), NBAA (National Business Aviation Association), иштирокчии шабакаи пешсафи чартерии Avinode мебошад ва, ҳамчунин, ба ҳайати ANACOFI – бузургтарин Ассотсиатсияи иштирокчиёни бозори Суғуртавӣ, Бонкӣ, Молиявӣ-сармоягузорӣ ва бозори амволи ғайриманқул дохил шудаст.

[siteorigin_widget class=”SiteOrigin_Widget_Image_Widget”][/siteorigin_widget]

Мо шумораи бисёри муқофотҳои фахрӣ ва садҳо мизоҷони ризошударо дар тамоми ҷаҳон, минҷумла – дар байни сокинони Қазоқистон дорем. Дар ҷумлаи шарикони мо ҳам ширкатҳои ҳавопаймоии калон, ҳам соҳибмулкони хусусии киштиҳои ҳавоӣ мавҷуданд. Ба ғайр аз ин мо ба базаи ҷаҳонии ҳавопаймоҳои хусусӣ дастрасӣ дорем, бинобарин, дар куҷое, ки шумо қарор надошта бошед, мо ба шумо пешниҳод кардани ҷетро дар ҳар самт омода ҳастем.

[siteorigin_widget class=”SiteOrigin_Widget_Headline_Widget”][/siteorigin_widget]
  1. Мо бо ташкили рейсҳои бевоситаи индивидуалӣ ба ҳар нуқтаи ҷаҳон машғул мешавем. Ба куҷое ки ба шумо парвоз зарур нашавад, шумо аз Қазоқистон ё дигар кишвар, дар сурати пайдо намудани хоҳиш, новобаста аз кори ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ба сафар мебароед.
  2. Ҷои махсусро дар фаъолияти мо чархболҳо ишғол менамоянд, ки онҳо дар Қазоқистон талаботи хеле зиёдро доранд. Доир ба масъалаҳои иҷораи чархболҳо барои ҳар мақсад шумо ба мо дар ҳар вақт муроҷиат карда метавонед.
  3. Мо на фақат бо иҷора, балки бо фурӯши киштиҳои ҳавоӣ машғул мебошем. Агар шумо харидани ҳавопаймо ё чархболи худ хоҳиш дошта бошед, пас ҳамту бо менеҷери мо алоқа кунед: дар ихтиёри мо ҳазорҳо навъҳои гуногун аз тамоми ҷаҳон қарор доранд.
  4. Ҳамчунин мо омода ҳастем, ки гузаронидани тюнинг, яъне беҳтар гардонидан ва аз нав таҷҳизотонидани ҳавопаймои амалкунандаи шумо ва ба ғайр аз ин – ташкили «аз сифр» сохтани ҷети шахсиро тибқи лоиҳаи индивидуалӣ кӯмак расонем.
  5. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) омода ҳаст, ки барои шумо дар осмон ҳар ҷашнро ташкил намояд: оғоз аз экскурсияи мушоҳидавии чархболӣ ва дар хотима маъракаи никоҳ дар баландии даҳ ҳазор метр. Ба хизмати шумо банкетҳо ва фуршетҳо, инчунин барномаҳои фароғатии ғайриоддитарин.
[siteorigin_widget class=”SiteOrigin_Widget_Headline_Widget”][/siteorigin_widget]
[siteorigin_widget class=”SiteOrigin_Widgets_ImageGrid_Widget”][/siteorigin_widget]

Дар базаи ширкати мо амалан ҳамаи ҳавопаймоҳои хусусии амалкунандаи ҷаҳон вуҷуд доранд. Ба хизмати шумо навъҳои истеҳсолкунандагони пешсафи Bombardier, Embraer, Sukhoi Superjet, Pilatus, Fokker, Saab, Cessna, Dassault Aviation, Gulfstream, Beechcraft ва бисёри дигарон.

Мо бо хушнудӣ ба шумо ҳам ҳавопаймоҳои пурқуввати реактивӣ, ҳам «суст ҳаракаткунандагони» сарфакори турбовинтӣ ва ҳам киштиҳои ҳавоии тезҳаракати авиатсияи сабукро тавсия медиҳем. Дар ихтиёри мо ҳавопаймоҳои дарозии парвозаашон паст, миёна ва баланд қарор доранд. Дар вуҷуди зарурият мо омода ҳастем, ки барои шумо рейси ҳар мураккабиро, ҳатто ба дигар тарафи саёраи замин ташкил намоем.

[siteorigin_widget class=”SiteOrigin_Widget_Headline_Widget”][/siteorigin_widget]

target

Мақсади асоси мо – пешгӯӣ  ва иҷро намудани ҳамаи хоҳишҳои мизоҷон, ки ба фармоиши ҳавопаймои хусусӣ ва худи парвоз тааллуқ дорад. Мо кафолат медиҳем:

– муносибати эҳтиёткоронаи индивидуалӣ,
– маҳфиятдории комил,
– риояи тамоми меъёрҳои қонунгузории авиатсионӣ,
– таваҷҷӯҳи баландшуда ба масъалаҳои бехатарии парвозҳо ва эътимоднокии киштиҳои ҳавоӣ,
– сервиси дараҷаи люкс ва пешниҳоди ҳар хизматрасониҳои иловагӣ.

Сомонаи қулайи дорои замимаҳо, ки барои тамоми дастгоҳҳои муосири мобилӣ дастрас мебошад, дар ҳар вақт ва дар ҳар ҷо фармоиш доданро имконият медиҳад. Менеҷерон доимо дар тамос қарор доранд ва ҳавопаймоҳою чархболҳо барои сафар шабонарӯз омодаанд.

Авиатсияи тиҷоратӣ ҳалу фасл намудани ҳазорҳо вазифаҳои гуногунро, ки бо бизнес, фаъолияти маъмурӣ, сиёсӣ, эҷодӣ, илмӣ ва ғ. вобаста мебошанд, ёрӣ мерасонад. Мо фавран ва тибқи мақсадҳои гузошташуда пешниҳод кардани ҳавопаймоҳои хусусиро дар Қазоқистон бо шартҳои фоидаовартарин омода мебошем. Бо AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳамкорӣ карда, шумо муваффақиятҳои боз ҳам зиёдро ноил мегардед ва қуллаҳои баландро аз худ мегардонед!

[siteorigin_widget class=”SiteOrigin_Widget_Button_Widget”][/siteorigin_widget]
[siteorigin_widget class=”Mediclean_Latest_News_Widget”][/siteorigin_widget]
Top.Mail.Ru